Tuesday 25.04.2017

МАСОИЛИ ШАҲРВАНДӢ

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандӣ» шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рӯзи қабули Конститутсия (6.11.1994) шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ва ё шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мувофиқи ҳамин қонуни конститутсионӣ соҳиб шуда бошад.
Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон –шахсе, ки дар рӯзи қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шуда бошад

1. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шаҳрвандии дигар давлатро низ дорад, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо чун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон нишон дода шудаанд.

2. Соҳиб шудан ба душаҳрвандӣ мутобиқи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

• Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати расмие мебошад, ки дар он шаҳрвандии шахс нишон дода мешавад.

• Тартиби ба даст овардани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асосҳои зерин ба даст оварда мешавад:
- аз рӯи таваллуд;
- дар натиҷаи қабул намудан ба шаҳрвандӣ;
- дар натиҷаи барқарор намудан ба шаҳрвандӣ;
- бо роҳи интихоби шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати тағйир ёфтани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

• Муайян кардани шаҳрвандии кӯдакон

1. Кӯдаке, ки падару модари ӯ ё падар ё модари ягонаи ӯ ҳангоми таваллуд шуданаш шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, новобаста аз ҷои таваллуд, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад.

2. Ҳангоми гуногун будани шаҳрвандии падару модар, ки яке аз онҳо дар вақти таваллуди кӯдак шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, кӯдак шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доро мешавад, агар ӯ:

- дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шуда бошад;

- берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шуда, падару модари ӯ ё яке аз онҳо дар ин вақт дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ дошта бошанд.

3. Дар сурати гуногун будани шаҳрвандии падару модар, ки яке аз онҳо дар лаҳзаи таваллуди кӯдак шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дигаре шаҳрванди хориҷӣ бошад, дар ин вақт онҳо берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ дошта бошанд, шаҳрвандии кӯдаки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллудёфта аз рӯи розигии хаттии падару модар муайян карда мешавад. Дар сурати ба мувофиқа наомадани падару модар дар давоми то се моҳ аз лаҳзаи таваллуди кӯдак, агар тибқи қонунгузории давлати ҷои таваллуд ба ӯ шаҳрвандии ҳамон давлат дода нашуда бошад, кӯдак шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида мешавад. 

4. Кӯдаке, ки яке аз падар ё модари ӯ дар лаҳзаи таваллуд шуданаш шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигаре шахси бешаҳрванд ё шахси номаълум бошад, новобаста аз ҷои таваллуди кӯдак, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида мешавад.

5. Дар ҳолати муқаррар намудани падарии кӯдаке, ки модараш шахси бешаҳрванд буда, падараш шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, кӯдак, новобаста аз ҷои таваллуд, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад.

6. Дар мавриди муқаррар намудани ҳолати таваллуди кӯдак аз зане, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, падараш шахси бешаҳрванд мебошад, кӯдак, новобаста аз ҷои таваллуд, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад.

7. Кӯдаке, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шахсони бешаҳрванде, ки ҳар ду ё яке аз онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ доранд, таваллуд шудааст, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад.

8. Кӯдаке, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шуда, падару модари ӯ номаълуманд, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доро мегардад.

9. Кӯдаки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллудшуда, ки падару модари ӯ шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд ё яке аз онҳо шаҳрванди хориҷӣ, дигараш шахси бешаҳрванд ва ё номаълум бошад, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида мешавад, агар мутобиқи қонунгузории он давлатҳо ба ӯ шаҳрвандӣ дода нашуда бошад.

• Соҳиб шудани шахрвандӣ бо тартиби ба қайд гирифтани он

Шартҳои умумии қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:

- истиқомати доимии бефосилаи шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати панҷ сол аз рӯзи гирифтани гувоҳномаи иқомат то муроҷиат намудан бо дархост оид ба қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар берун баромадани якдафъаинаи ӯ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми сол на зиёда аз се моҳро ташкил намояд, ба истиснои таҳсил, муолиҷа ва сафари хизматӣ;
- донистани забони давлатӣ дар сатҳи муошират;
- таҳти таъқиби ҷиноятӣ қарор надоштан.

• Қабул ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо дархост оид ба қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби содакардашуда бе риоя намудани шартҳои дар сархатҳои якум ва дуюми моддаи 15 Қонуни конститутсионии мазкур пешбинигардида ва бе пешниҳоди гувоҳномаи иқомат шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванди зерин метавонанд муроҷиат намоянд:

- шахсе, ки дастовардҳои олӣ дар соҳаи илму техника, тандурустӣ ва варзиш, хизмати шоиста дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалигардонии арзишҳои умумибашарӣ дошта бошад;

- ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки шаҳрвандии собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистиро доштанд ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат доранд;

-  кӯдак ё шахси ғайри қобили амал, ки таҳти васоят ё парастории шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад;

- кӯдак ё шахси ғайри қобили амал, ки таҳти парастории пурраи давлат дар муассисаи тарбиявӣ ё табобатӣ, муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ё муассисаи дигари ба ин монанди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад;

- шахсе, ки дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таваллуд шуда, шаҳрвандии собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистиро дошта, дар давлатҳое, ки ба ҳайати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ шомил буданд, истиқомат мекард ё мекунад, вале шаҳрвандии ин давлатҳоро нагирифта, дар натиҷа, шахси бешаҳрванд гаштааст.

2. Бо дархост оид ба қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кам намудани нисфи муҳлати истиқомати доимӣ, ки дар сархати якуми моддаи 15 Қонуни конститутсионии мазкур пешбинӣ гардидааст, шахсони зерин метавонанд муроҷиат намоянд:

- шахси бешаҳрванд, ба истиснои шахсони дар сархати панҷуми қисми 1 моддаи мазкур зикршуда;

- шаҳрванди хориҷие, ки ҳангоми таваллуд падар ё модари ӯ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, шаҳрвандии давлати хориҷиро аз рӯи таваллуд соҳиб шуда бошад, дар давоми панҷ соли баъди расидан ба синни ҳаждаҳ;

- шаҳрванди хориҷие, ки падар ё модари ӯ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;

- шахсе, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таваллуд шуда, шаҳрвандии собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистиро дошт.

3. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бе риоя намудани шартҳои дар моддаи 15 Қонуни конститутсионии мазкур пешбинигардида масъалаи қабул намудани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намояд.

• Асосҳо барои рад намудани қабул ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дархости қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқарор намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон рад карда мешавад, агар дархостдиҳанда:

- маълумоти бардурӯғ ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ пешниҳод карда бошад;

- бо кирдори худ ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид намояд;

- узви ҳизб ва ташкилотҳои дигаре бошад, ки фаъолияти онҳо расман дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст;

- барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин маҳкум шуда бошад;

- таҳти таъқиби ҷиноятӣ қарор дошта бошад;

- ҷазоро дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ адо карда истода бошад;

- шаҳрванди давлати хориҷие бошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он шартномаи байнидавлатӣ дар бораи душаҳрвандӣ надошта бошад.

• Барқарор намудани мансубият ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Шахсоне, ки бо сабаби тағйир ёфтани шаҳрвандии падару модар аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадаанд, метавонанд  тибқи дархосташон дар муддати панҷ соли баъди расидан ба синни ҳаждаҳ ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор карда шаванд.

2. Шахсоне, ки бо сабаби фарзандхондӣ аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадаанд, метавонанд тибқи дархосташон ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор карда шаванд.

3. Шаҳрвандони собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд  тибқи дархосташон ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор карда шаванд.

Салоҳияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ, ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили шаҳрвандӣ

Вазорати корои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

а) аз шахсоне, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомат мекунанд аризаву дархостҳоро оид ба масоили шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул менамоянд;

б) далел ва ҳуҷҷатҳоеро, ки барои асоснок намудани аризаву дархостҳо оиди масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда, тафтиш менамоянд;

в) дархостҳо оид ба масоили шаҳрвандиро бо ҳуҷҷатҳои дахлдор ба Комиссия оид ба масъалаҳои шаҳрвандии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамоянд;

г) мансубияти шахсонеро, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомат мекунанд, ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян месозанд;

д) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба таври доимӣ берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомат мекунанд, ба ҳисоб мегиранд;

е) аризаи шахсони берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомат доранд, оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандӣ», ба қайд мегиранд.

11/12/2015