Tuesday 25.04.2017

ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАҲИЯ ВА СУДУРИ ШИНОСНОМАИ УМУМИШАҲРВАНДИИ ХОРИҶИИ БИОМЕТРӢ

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муҳлати шиносномаи хориҷиашон сипарӣ шудааст ё сипарӣ мешавад, метавонанд барои гирифтани шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии биометрӣ ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Барои гирифтани шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии биометрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зерин бояд пешниҳод карда шаванд:

  • Аризаи шаҳрванд дар бораи гирифтани шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии биометрӣ;
  • Шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ (асл);
  • Шиносномаи дохилӣ ё нусхаи он (дар сурати пешниҳоди асли шиноснома, маълумотҷамъкунӣ ба таври содда сурат мегирад);
  • Иҷозати иқомат дар кишвари Австрия;
  • Нусхаи маълумотнома аз ҷои истиқомат;
  • Корти донишҷӯӣ барои донишҷӯён;
  • Барои шахсоне, ки ба фаъолияти меҳнатӣ ё корӣ машғуланд, иҷозати корти корӣ.

Барои шаҳрвандони ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

  • Аризаи волидайн дар бораи гирифтани шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии биометрӣ барои фарзанди худ;
  • Шаҳодатномаи таваллуд;
  • Шиносномаи падару модар;
  • Розигии падару модар барои гирифтани шиноснома (дар консулгарӣ ба расмият дароварда мешавад);
  • Шаҳодатномаи ақди никоҳи падару модар;
  • Иҷозати иқомат дар кишвари Австрия;
  • Нусхаи маълумотнома аз ҷои истиқомат;

Вобаста ба ҳар як муроҷиат Консул метавонад, барои зарурати тасдиқи дурустии маълумот ҳуҷҷатҳои иловагиро талаб намояд.

Барои гирифтани маълумоти муфассал оид ба тартиб барасмиятдарории шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии биометрӣ, шаҳрвандон метавонанд тариқи телефони корӣ ё почтаи электронӣ ба Шӯъбаи консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия тамос гиранд.

Анкета барои шиносномаи хориҷӣ:

Замимаи 1:

Замимаи 2:

Замимаи 3:

ДОДАНИ ШАҲОДАТНОМАИ БОЗГАШТ БА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Судури Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар сурати гум кардани шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бозгашт ба Ватан Шаҳодатномаи бозгашт дода мешавад. Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муваққатии муайянкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳуқуқи ӯро барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд ва ба муҳлати на зиёда аз 30 рӯз дода мешавад. Барои гирифтани Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза хонапурӣ шуда ва ҳуҷҷатҳои дар он қайд шуда бояд пешниҳод карда шаванд. Барои дарёфти варақаи ариза барои гирифтани Шаҳодатномаи бозгашт ба истинод пахш намоед.

Замима

ҚАРОР Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои додани шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ ва Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон http://mfa.tj/tj/tartibi-suduri-shinosnomaho/qaror-dar-borai-dodani-shinosnomahoi-khoriji.html?l=tj&cat=40&art=90